Ссылки доступа

Созиши Ривалдо ва Денилсон бо бошгоҳи "Бунёдкор"-и Узбекистон


Раҳбарияти бошгоҳи футболи "Бунёдкор"-и Узбекистон бо бозигарони пешини худ Ривалдо ва Денилсон, ки аз бошгоҳ 9,5 млн евро талаб доштанд, ба созиш расидааст.

Дар изҳорти "Бунёдкор" омадааст, ҷонибҳо дар мулоқоти 30 март ба созиш расиданд, ки ҳаҷми қарз камтар ва давра ба давра пардохт шавад.

“Тибқи қарори ФИФА, “Бунёдкор” бояд то 7 апрели соли равон қарзи маоши Ривалдо ва Денилсон пардохт мекард. Ҳаҷми қарз ба таври назаррас поин бурда шуд ва ҳамчунин ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки он давра ба давра пардохт шавад. Қарзи Денилсон се маротиба то соли 2026 ва аз Ривалдо дар як сол як маротиба то соли 2028 пардохт хоҳад шуд", - омадааст дар изҳорот.

Бошгоҳи футболи "Бунёдкор" дақиқ нагуфтааст, ки дар ниҳоят ба футболбозон чи қадар пул мепардозад.

Қаблан Кумитаи муҷозоти ФИФА қарор қабул карда буд, ки "Бунёдкор" ба Ривалдо ва Денилсон 9,5 млн евро пардозад.

Ба иттилои расонаи Tribuna.uz, бошгоҳ аз Ривалдо 8,1 млн евро ва аз Денилсон 1,1 млн евро қарздор аст.

Ривалдо солҳои 2008-2010 дар ин бошгоҳ бозӣ мекард. Денилсон соли 2010 дар ҳайати "Бунёдкор" қаҳрамони Узбекистон шуда буд.

Баҳси молӣ байни "Бунёдкор" ва ду бозигари бразилӣ аз соли 2010 идома дорад.

XS
SM
MD
LG