Ссылки доступа

Боздошти як муҳоҷири қирғиз баъди суҳбат дар бораи "Крокус"


Вазорати умури хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки як шаҳрванди ин кишвар баъди суҳбат дар бораи "Крокус Сити Ҳолл" дар шаҳри Маскав боздошт шудааст.

Зидди шаҳрванди Қирғизистон А.Ж.А бо гумони "Сафед кардани оммавии терроризм" парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

"Намояндагии дипломатии Қирғизистон дар Маскав барои дарёфти иттилои комил дар бораи раванди тафтишоти пешакӣ зидди гумонбар ба ниҳодҳои тафтишотии Русия дархост фиристодааст", - гуфтанд дар хадамоти матбуотии вазорат.

Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб дидаанд.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Мақомоти Русия гуфтанд, 12 нафарро дар робита ба тирандозӣ дастгир карданд. Додгоҳ то кунун нуҳ нафари онҳоро ба ҳабс гирифт. Ҳашт нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG