Тилек (ном иваз шудааст), шаҳрванди Қирғизистон ахиран огаҳ шудааст, ки вуруди ӯ ба Русия як умр ба Русия манъ шудааст. Вай дар Русия кору зиндагӣ мекард ва барои як муддат ба ватан баргаштааст. Ҳангоми бозгашт ба ӯ гуфтаанд, дигар ҳаққи вуруд ба Русияро надорад.
"Ман ба Сахарово рафта, озмоиш супоридам ва натиҷаҳо хуб буданд. Сипас ба Қирғизистам рафтам, вақте баргаштам, маро роҳ надоданд. Ба ман танҳо як коғазро доданд. Дар онҷо қонунеро нақз накардаам, вале вакили дифоъ гуфт, ки вуруди ман ба Русия як умр манъ шудааст. Гӯиё ман ба далели саломатӣ наметавонам ба Русия равам", - изҳор дошт ӯ.
Назарҳое ҳам вуҷуд доранд, ки гӯиё ҳодисаи "Крокус" танҳо як баҳонае барои боздошти муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия шудааст. Муҳоҷирон аз фишори қудратиҳо ва афзоиши бегонаситезӣ дар Русия шикоят мекунанд. Ҳолатҳои латтукӯби онҳо, омадани маъмурони пулис ба маҳалли зисташон ва ихроҷ аз он кишвар бештар шудааст.
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб дидаанд.
Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.
Мақомоти Русия гуфтанд, 12 нафарро дар робита ба тирандозӣ дастгир карданд. Додгоҳ то кунун нуҳ нафари онҳоро ба ҳабс гирифт. Ҳашт нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.