"Баргузор кардани паради низомӣ дар Қазоқистон дар соли 2024 ба далели сарфаи пули буҷа ва ҳамчунин зарурати ҳалли мушкилоти дигар ба нақша гирифта нашудааст", - омадааст дар изҳороти вазорат.
Қазоқистон соли панҷум аст, ки паради низомӣ баргузор намекунад. Мақомоти ин кишвар солҳои 2023 ва 2022 низ сабаби баргузор нашудани парадро сарфаи пули буҷа номиданд. Дар солҳои 2020 ва 2021 сабаб пандемияи коронавирус гуфта мешуд.
Дар кишварҳои пасошӯравӣ ҳар сол 9-уми май Иди Ғалаба бар фашизм ё пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон таҷлил ва бахшида ба ин сана паради низомӣ баргузор мешавад.