Ссылки доступа

Дар Узбекистон бақайдгирии мошин 68 маротиба гарон шуд


Ҳаҷми пардохтҳо барои қайди мошин дар Узбекистон аз 1 апрели имсол 68 маротиба – аз 34 ҳазор сӯм ба 2 миллиону 320 ҳазор сӯм (ҳудуди 180 доллар) афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора вазири умури дохилии Узбекистон Пулод Бобоҷонов ҳанӯз 31 марти соли гузашта фармонеро имзо карда будааст.

Сабаби ин иқдом гуфта намешавад ва фармон ҳам ҳамагӣ як рӯз пеш аз болоравии қиммати пардохтҳо расонаӣ шуд.

Ронандагони Узбекистон қаблан барои қайди мошин ҳамагӣ 34 ҳазор сӯм харҷ мекарданд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон афзоиши ҳаҷми пардохтҳоро баёнгари "ҳолати ғамангези иқтисоди кишвар ва холӣ будани буҷа номидаанд".

XS
SM
MD
LG