Ссылки доступа

КДАМ хабари боздошти гурӯҳеро барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ рад кард


Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошти гурӯҳе аз шаҳрвандони ин кишвар барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар арафаи иди Наврӯзро хабари “носанҷида ва иғвоангез” номидааст.

Пештар хабаргузории “Ройтерс” ва расонаи маҳаллии “Азия-Плюс” ба нақл аз манбаъҳои худ аз боздошти 9 кас хабар дода буданд. Чанд манбаъи Радиои Озодӣ низ тасдиқ карданд, ки ҳудуди 20 нафарро дар Тоҷикистон ба гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ боздошт кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ин хабарҳоро ба маҳзи нашр шуданшон расман шарҳ надодаанд, вале КДАМ дар изҳороташ дар рӯзи 3-юми апрел гуфтааст, ки “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд.”

Як манбаъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, боздоштшудаҳо сокинони шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Норак ҳастанд.

Маъмулан, мақомоти тоҷик хеле кам дар бораи боздошти гурӯҳҳои террористӣ ба матбуот хабар медиҳанд. Танҳо дар нишастҳои матбуотии солона ба таври умум омор меоранд, вале ҷузъиётро шарҳ намедиҳанд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи феврали имсол дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки соли 2023 ниҳоди зертобеаш 11 гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро ошкор ва 55 нафарро боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG