Ссылки доступа

Аз мусалмонон дар Маскав хостаанд, ки намози Идро дар хона гузоранд


Ҳукумати Маскав аз мусалмонон хостааст, ки намози Иди Рамазон (Иди Фитр)-ро "дар хона гузоранд".

Дар паёме, ки аз номи Департаменти сиёсати миллии шаҳрдории Маскав рӯзи 3-юми апрел дар Телеграм нашр шудааст, гуфта мешавад, рӯзи 10-уми апрел маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст ва беҳтар аст, мусалмонон намози идро дар хона бигузоранд ва ба масҷид нараванд. Дар аксар кишварҳо рӯзи даҳуми апрел рӯзи таҷлил аз Иди Фитр таъйин шудааст.

Дар бахши иттилоотии Департамент ба расонаи "Осторожно, новости" гуфтаанд, ки маҳдудият дар пайванд ба ҳамлаи "Крокус Сити Ҳолл" гирифта шудааст.

Ин нома ба кордиҳандагон ва дигар идораҳои маҳаллӣ фиристода шудааст, то кормандони мусалмонашонро аз ин маҳдудият огоҳ созанд.

Дар нома гуфта шудааст, ки бояд ба муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар расонидани ин хабар “таваҷҷӯҳи хос” дода шавад.

Ин хабарро мақомоти рус ҳанӯз расман шарҳ надодаанд.

Солҳои пеш даҳҳо ҳазор муҳоҷирони мусалмон дар гушаву канори Русия дастаҷамъона намози Иди Рамазон ва Иди Қурбонро мегузоштанд.

Пас аз ҳамлаи маргбори рӯзи 22-юми март дар Маскав фишор болои муҳоҷирони мусалмон бештар шудааст. Дар ин ҳамла, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбар донистаанд, беш аз 140 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG