Дар ин бора аз мақомоти пулиси вилояти Чуйи Қирғизистон хабар доданд. Пулиси Қирғизистон гуфт, дар доираи ин парванда ду ҷавон - М.Т., соли таваллудаш 2005 ва Т.Д., соли таваллудаш 2004 боздошт шудаанд.
Онҳо дар "таҷовуз ба номус" ва "содир кардани амалҳои дорои хосияти шаҳвонӣ нисбати кӯдаке, ки бармало ба 16-солагӣ нарасидааст" айбдор мешаванд.
Пулис гуфт, чанд тани дигар дар доираи ин ҳодиса гумонбар мешаванд, ки парвандаи онҳо алоҳида баррасӣ мешавад. Пулис дақиқан нагуфтааст, ки чанд тани дигар гумонбар ҳастанд.
Дар бораи духтаре, ки ба таври мудовим таҷовуз мешуд, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак Ҷамила Ҷаманбоева рӯзи 20 март хабар дод. Он замон вай аз Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон талаб кард, ки духтари ноболиғро ҳимоят кунанд.
Модари ин духтар ва ваколатдори ҳуқуқи кӯдак гуфтааст, духтари ӯро 9 ҷавони аз 19 то 22-сола таҷовуз кардаанд. Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак гуфт, ки вай 13 сол дорад, мақомоти пулис гуфтанд, ҷабрдида 15-сола аст.