"Бо ҳадафи таъмини бехатарии парвозҳо аз 5 апрел равуои ҳавопаймоҳо дар самти парвози Оқтеппа-Қазон-Оқтеппа қатъ мешавад", - омадааст дар хабари ширкат.
Хабари қатъи парвозҳои ин ширкат дар ҳолест, ки рӯзи 2 апрел чанд иншоот дар шаҳрҳои Елабуга ва Нижнекамски Тотористон мавриди ҳамлаи дронҳо қарор гирифтанд. Қазон пойтахти Тотористон аст.
Хабаргузориҳои Русия навиштанд, ки дар пайи ҳамлаи дронҳо 14 кас зарар дидаст, 8 тани онҳо дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
Дар бештар аз ду соли ҷанги Русия зидди Украина ин бори аввал аст, ки дронҳо ба ҳудуди Тотористон ҳамла мекунанд. Аз марзи Украинаву Русия то Тотористон бештар аз 1000 км фосила аст.
Киев расман ин ҳамлаҳоро тасдиқ накардааст, аммо расонаҳои украинӣ навиштанд, ки ҳамлаи дронҳо кори дасти мақомоти низомии Украина аст.