Ссылки доступа

Ҷузъиёти омодагӣ ба теракти 2 сол пеш дар шаҳри Тошканд


Передача «Хилватдаги хатар», вышедшая на государственном телеканале Узбекистана, была подготовлена ​​на основе признательных показаний обвиняемых. Скриншот видео.
Передача «Хилватдаги хатар», вышедшая на государственном телеканале Узбекистана, была подготовлена ​​на основе признательных показаний обвиняемых. Скриншот видео.

Ибтидои соли 2022 мақомоти махсуси Узбекистон чаҳор касро бо айби "тарҳрезии теракт дар чанд макон дар шаҳри Тошканд" боздошт карда буданд. Додгоҳ онҳоро аз 10 то 15 сол зиндон карда буд.

Телевизиони давлатии Узбекистон дар як гузорише рӯзи 1 апрел баъзе аз ҷузъиёти он терактро нашр кард. Гузориш дар асоси эътирофҳои маҳкумшудаҳо сохта шудааст.

Муаллифони гузориш нагуфтанд, ки чаро маҳз ҳоло дар бораи омодагӣ ба теракти ду сол пеш хабар медиҳанд.

Аммо ин гузориш чанд рӯз баъд аз ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав нашр шуд.

Бино ба гузориши телевизионӣ, шаҳрванди Узбекистон Муҳаммад Уролов, ки дар Сурия қарор дошт, дар паёмакрасони Телеграм гуруҳ кушода, тавассути он "чанд терактро дар шаҳри Тошканд баҳор ва тобистони соли 2022 нақшарезӣ карда буд".

Мақомоти тафтишотии Узбекистон гуфтанд, Муҳаммад Собиров мубаллиғ ва фаъоли гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" буд ва "сокинони Тошканд Давронбек Турабеков, Зиёвуддин Амонова ва Ҳайитбой Аҳмадҷоновро атрофи ғояҳои тундгароёна ҷалб карда, ба онҳо дастур додааст, ки теракт анҷом диҳанд".

Дертар ин гуруҳ Иззаттуло Зайниддинов, сокини дигари Тошкандро ба сафи худ ҷалб кардааст.

Мақомоти Узбекистон тавонистаанд, ки аз ин нақшаҳо пешгирӣ ва ин афродро боздошт кунанд.

XS
SM
MD
LG