Ссылки доступа

Дар Бишкек марде ҳамсари пешинашро куштааст


Дар яке аз биноҳои навсохт дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зани 33-сола ва модари се кӯдак аз сӯи ҳамсари пешинаш кушта шудааст.

Дар ин бора Нозгул Турдубекова, роҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Лигаи ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак" хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ин ҳодиса 3 апрел рух додааст. "Ин зан дар 22-солагӣ аз шавҳараш ҷудо шуда буд. Вай дар шароити сахте зиндагӣ мекард. Шавҳари пешин мудом ӯро таъқиб мекард. Дирӯз вай омад ва бо чанд зарби корд занро кушт", - навишт Турдубекова дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Пулис мардро боздошт кардааст.

Бино ба иттилои мақомоти Қирғизистон, дар он кишвар дар соли 2023 13 ҳазору 104 ҳолати хушунати хонаводагӣ сабт шудааст, ки нисбати соли 2022 32,6% зиёдт мебошад.

XS
SM
MD
LG