Ба иттилои Вазорати дифои Озарбойҷон, вазирони дифои кишварҳои мазкур 4 апрел дар шаҳри Актауи Қазоқистон мулоқот ва масъалаҳои вобаста ба баргузории тамринро баррасӣ кардаанд.
Тамринҳои низомӣ дар размоишгоҳҳои Оймаш ва Тоқмаки Қазоқистон баргузор мегарданд. Дар ҷараёни онҳо “Иҷрои супоришҳои ҳарбӣ дар самти таъйини минтақаи задухӯрдҳои мусаллаҳона” тамрин мешавад.
Дар вохӯрии вазирони дифои кишварҳои иштирокдор масъалаҳои марбут ба омодагиҳо барои размоиш низ баррасӣ карда шудаанд.