Масъулони созмони байнулмилалӣ рӯзи 5-уми апрел дар изҳороте гуфтанд, баъд аз як ҳафтаи ҳамла парвандаҳои вобаста ба нақзи қонуни муҳоҷират дар додгоҳҳои Русия "70 дарсад зиёд шуд".
"Пас аз боздошти чанд тоҷик ба гумони анҷоми ҳамла дар бораи озор бар пояи бегонаситезӣ, ҳамлаҳои пурхушунати гурӯҳҳои алоҳида ва мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, боздоштҳои худсарона гузоришҳо мерасанд," – гуфта шудааст дар изҳорот.
Ба камияш чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳамла гумонбари асосӣ ҳастанд, ба иттилои Дидбони Ҳуқуқи Башар, "мавриди шиканҷаи ходимони ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтанд ва ин чиз боис ба афзоиши изҳороти зидди муҳоҷирон дар миёни мақомоти Русия шуд."
Таня Локшина, мудири барномаҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, мегӯяд, "мақомоти Русия бояд сиёсати адами таҳаммули ҳамла ва озори мардуми Осиёи Марказиро ба роҳ монанд".
"Мақомот бояд ташхиси миллати муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, боздоштҳои худсаронаро хотима дода, ба ҷойи ин амният, таҳқиқи ҳама ҳодисаҳои вобаста ба бегонаситезӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони чунин ҷиноятҳоро таъмин кунанд," -- гуфт Локшина рӯзи 5-уми апрел.
Ба ҳисоби созмон, дар ду ҳафтаи баъди ҳамла матбуот дар бораи ҳодисаҳои фаровони бадрафторӣ бо муҳоҷирон дар заминаи нажодӣ ва корӣ хабар дод:
- Хидматрасонии зодагони Осиёи Марказиро рад мекунанд;
- Аз кор меронанд;
- Мезананд;
- Барои миллаташон таҳқир мекунанд;
- Моликияти хусусии муҳоҷиронро вайрон мекунанд;
- Бо корд ё маҳлули тунд ҳамла мекунанд.
Созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар бораи афзоиши адоват ва кӯшиши пинҳон кардани миллаташон барои пешгирӣ аз ҳамлаҳо хабар медиҳанд.
Як зани муҳоҷири тоҷик дар Маскав ба Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфтааст, баъди ҳамла талош мекунад дар хона бимонад, чун аллакай бо “нигоҳҳои бад” рӯбарӯ шуда, нидоҳои “аз Русия дафъ шав!”-ро шунидааст. “Шикоят ба ҳомиёни ҳуқуқ дар ин замина ҳам бисёр афзоиш ёфтааст,” -- мегӯяд созмон.
Баъзе аз гурӯҳҳои нажодпараст дар шабакаи Телеграм видеои латукӯб ва ҳамлаҳои бераҳмонаро ба мардуми ғайриславянӣ нашр карда, инро “интиқом барои Крокус” меноманд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, “мақомоти Русия ба ҷойи он ки ҳодисаҳои хушунат бар асоси бегонаситезиву азияту озорро маҳкум кунанд, алайҳи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикҳо рейду санҷишҳо барпо кардаанд. Дар натиҷа, мавридҳои барои нақзи қонуни муҳоҷират ба ҷавобгарӣ кашида шудани муҳоҷирон якбора зиёд шудааст.”
Human Rights Watch мегӯяд, Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 2-юми апрел дар ҷаласаи ВКД гуфт, “ҳамла ба Крокус” наметавонад бегонаситезиро тавҷеҳ кунад”, вале ҳамзамон афзуд, “муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои фаъолшавии ифротгароӣ замина хоҳад гузошт".
Ин созмон ёдовар шудааст, ки тамоми соли 2023 дар саросари Русия ҳамлаи миллатгароҳо ва ақидаҳои зидди муҳоҷирон дар порлумону матбуоту ҷомеа дар авҷ буд ва Русия даъватҳои Кумитаи рафъи табъйизи нажодии СММ-ро нодида гирифт. Кумита гуфта буд, ки ҳукумати Русия бояд ҳама гуна “мавридҳои бадбинии нажодиро маҳкум ва решакан кунад”. Ҳамин нодида гирифтанҳо, ба қавли созмон, вазъро бадтар кардааст.
Локшина афзуд, “мақомот дар Русия бояд ба ҳама гуна гузоришҳо дар бораи хушунат бар пояи бегонаситезӣ нисбат ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ вокуниши босуръат нишон диҳанд, ба доираи васеи мушкилоти бегонаситезӣ расидагӣ кунанд, фазои одии кориро барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар фароҳам биоранд.”
Як ҳафта пеш Дидбони Ҳуқуқи Башар шиканҷаи гумонбарони аввалини ҳамларо сахт маҳкум карда, онро “як навъ фахри даҳшатбори ҳукумати Путин аз беэътиноӣ ба ҳуқуқи бунёдии одамон ва волоияти қонун" номида буд.
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун даҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Нуҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Се нафари онҳо ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Бо гузашти беш аз даҳ рӯз аз ҳодиса мақомоти Тоҷикистон боздошти шаҳрвандон ва вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ намедиҳанд.