Рӯзи 3 апрел имомони ҳамаи масҷидҳо дар Узбекистон номае дарёфт кардаанд, ки дар он хоста шудааст, шиносномаҳояшонро супоранд.
Дар номаи Раёсати маънавии мусалмонони Узбекистон дақиқан гуфта нашудааст, ки ба чӣ сабаб шиносномаҳои имомон ва муовинони имомонро ҷамъ мекунанд. Бархе аз имомон тахмин мекунанд, ки ин тасмим ба теракт дар "Крокус Сити Ҳолл" дар Русия рабт дорад.
Як имом ба шарти ифшо нашудани номаш аз шаҳри Тошканди Узбекистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки "онҳое, ки намехоҳанд, шиносномаҳояшонро супоранд, таҳдиди аз кор ронда шудан мегиранд. Мақомот эҳтимол бо ин шева мехоҳанд, аз сафари имомон ба хориҷ пешгирӣ кунанд".