Ссылки доступа

Дар Узбекистон хабарҳо дар бораи гароншавии қимати шакарро рад карданд


Сахарный завод в Хорезме (архивное фото)
Сахарный завод в Хорезме (архивное фото)

Вазорати кишоварзии Узбекистон хабарҳои шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи гароншавии қимати шакар дар он кишвар рад кард. Бархе корбарон навиштанд, баъди он ки Русия содироти онро манъ кард қимати шакар дар Узбекистон гарон мешавад.

Вазорати кишоварзии Узбекистон гуфт, талаботи солонаи кишвар ба шакар ба ҳисоби миёна 650-700 ҳазор тонаро ташкил медиҳад ва корхонаҳои истеҳсоли шакари Ангрен ва Хоразм дар сол бештар аз 900 ҳазор тона шакар истеҳсол мекунанд, ки аз талаботи кишвар бештар аст.

Дар хабари вазорат омадааст, манъи содироти Русия дар бозори Узбекистон камчинии шакарро ба бор нахоҳад овард.

Пештар аз ин расонаҳои Русия навиштанд, содироти шакар аз ин кишвар муваққатан қатъ шудааст. Ин маҳдудият то 31 августи соли ҷорӣ давом хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG