Ссылки доступа

Торемуродов аз эҳтимоли боздоштшавии қарақалпоқҳо дар Қазоқистон ҳушдор дод


Фаъоли ҷамъияти қарақалпоқистониҳо Қошқорбой Торемуродов аз эҳтимоли идома ёфтани боздошти ҳамватанонаш дар Қазоқистон ва истирдоди онҳо ба Узбекистон ҳушдор дод.

Торемуродов 8 апрел дар шабакаи иҷтимоии "X" навишт, ки фаъолони қарақалпоқистониро эҳтимол расман ба нақзи қонунҳои муҳоҷират муттаҳам ва дастгир кунанд.

"Бино ба хабарҳои расида, боздошт ва истирдоди қарақалпоқистониҳо дар Қазоқистон идома меёбад. Тибқи маълумоти дарёфтӣ, пулиси маҳаллӣ бо дархости ҳамтоёни узбеки худ қарақалпоқҳоро расман бо гумони нақзи қоидаҳои будубош дастгир мекунад", - афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи Торемуродов, дар гузашта таҷрибаи боздошти қарақалпоқистониҳо бар асоси "иттиҳомҳои ғайрисиёсӣ" вуҷуд доштааст.

Мақомоти Қазоқистон давоми як моҳи ахир чандин фаъоли қарақалпоқро дастгир карданд. Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Мемориал" Виталий Пономарев 3 апрел хабар дод, ки фаъоли қарақалпоқ Ринат Утамбетов дастгир шуда, дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Адмато қарор дорад.

XS
SM
MD
LG