Фармони афв ба 426 нафар дахл хоҳад кард. Аз ин миён, 135 маҳбус аз зиндон ва 200 тани дигар аз ҷазои шартӣ озод хоҳад шуд. Ҳамчунин ҷазои 26 маҳбуси дигар сабуктар карда мешавад.
Дар миёни афвшудаҳо 11 шаҳрванди хориҷӣ, 50 зан, 13 марди аз 60-сола боло ва 157 каси то 30-сола ҳастанд. Ҳамчунин 5 касе афв гашта, ки ба иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ айбдор дониста шудаанд.
Мирзиёев ба мақомоти маҳаллӣ дастур додааст, ки ба афвшудаҳо барои бо ҷоий кор таъмин шудан кумак кунанд.