Ҳоло Сулаймон Давлатовро дар Боздоштгоҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд. Вакили мудофеаш Игнотас Унгайла тасмим дорад, ки ба зидди қарори додгоҳ шикоят барад.
Ӯ рӯзи 8-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин қазия ҳанӯз таркиби ҷиноӣ дида намешавад”, вале ҳамзамон афзуд, “парванда махфӣ карда шудааст, ба амнияти миллии Литва хатар доштааст."
Сулаймон Давлатов, ки дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар навору баҳсҳои исломӣ гузошта, аз ҳукумати Тоҷикистон сахт танқид мекунад, рӯзи 5-уми апрели имсол аз тарафи маъмурони амниятии Литва дастгир шудааст.
Дар ҳоле ки шарҳи расмии боздошти ӯ дастрас нест, худаш дар як тамоси видеоӣ бо Шарофиддин Гадоев, фаъоли мухолифон, иддао кардааст, ки пешниҳоди ҳамкориро бо мақомоти Литва напазируфт ва пас аз он ба таври ногаҳонӣ дастгир шуд.
Вокуниши ҷониби Литва ба ин иддао маълум нест. Дар сурати ба даст омадани иттилоъ ё шарҳе дар гузориш изофа мекунем.
Сабти суҳбати Сулаймон Давлатов рӯзи 8-уми апрел ба дасти Радиои Озодӣ расид, вале дар он дақиқ нест, ки пешниҳоди ҳамкорӣ бар сари чӣ будааст.
Давлатов қазияро дар навор чунин нақл кардааст: "Чанд моҳ пеш як одам даъват кард ва гуфт, ки ҳамроҳи мо кор мекунӣ. Гуфтам, кор намекунам. Соати даҳи субҳи 5-уми апрел телефон карда, пурсиданд. Гуфтам, дар ҷойи кор ҳастам, магазин дорам, нонвойхона дорам, ресторан дорам, корам бисёр аст. Пурсиданд, кай вомехӯрем? Гуфтам, пас аз ид. Баъди намози ҷумъа, вақте ба назди ресторан расидам, ду кас омаданд. Пеш омада, салом кардам, ки аз дохили мошин одамони ниқобдор баромада, дастгир карданд."
Ин паноҳандаи тоҷик дар суҳбати худ аз нафари мушаххас ва ҷойи кори дақиқи ӯ ном намегирад. Шарофиддин Гадоев мегӯяд, ҳоло барои раҳоии Сулаймон Давлатов талош доранд ва барои пуштибонии ҳуқуқӣ ба созмонҳои байнулмилалӣ низ муроҷиат мекунанд.
Вакили мудофеъ ва пайвандони Сулаймон Давлатов бо назардошти ин ки ӯро паси дарҳои баста ба ҳабс гирифта, иттиҳоми зидди ӯро зикр накардаанд, сабаби аслии боздошти ӯро намедонанд.
Сулаймон Давлатов 40-сола ва зодаи шаҳри Ваҳдат аст.
Дар гузашта узви “Гурӯҳи 24” ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон буд. Нуҳ сол боз дар Вилнюс кору зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи шахсони нахздикаш, ӯ дар маркази Литва ошхона, дӯкон ва нонвойхона дорад. Соҳиби се фарзанд аст.
Соли 2015 ҳангоми гузаштан аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Финландия аз сӯйи пулиси байнулмилалӣ дастгир ва сипас раҳо шуда буд.