Ссылки доступа

Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Италия ба гумони узвият дар ДОИШ


Як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро дар Италия рӯзи 8-уми апрел ба гумони ҷангҷӯйӣ ва узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дастгир кардаанд.

Ҳувияташ маълум нест.

Пулиси Италия аз ӯ танҳо "С.И." ном бурд ва гуфт, ки ин зодаи Тоҷикистон "даҳ сол пеш ба ҷанг дар Сурия рафта, узви фаъоли ДОИШ буд".

Ба гузориши AFP, ӯро субҳи рӯзи душанбе баъди ворид шудан аз Эйндҳовени Ҳолланд дар фурудгоҳи Фюмичинои Рум дастгир кардаанд.

Ҷониби Италия гуфтааст, ӯ дар ҳоли фирор буд ва то ин дам аз чанд санади қалбакӣ, аз ҷумла аз Узбекистон, Қирғизистон ва Украина истифода кардааст. Маълум нест дастури боздошти ӯро кадом кишвар дода.

Вазири корҳои дохилии Италия Маттео Пиантедоси боздошти шаҳрванди Тоҷикистонро "натиҷаи бисёр муҳим" номид, вале дар бораи чӣ гуна таъқиб шудани ӯ тафсилот надод.

Вай ба Русия ва ҳамлаи маргбори моҳи март ба як толори консертӣ дар наздикии Маскав низ ишорае накард. Ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса даҳ зодаи Тоҷикистон дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд. Масъулияти онро гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ пазируфт.

Аз ин пеш номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар се ҳамла дар қаламрави Эрон, омодагӣ ба даҳшатафканӣ дар Туркия, Олмон, Австрия ва Ҳолланд хабарсоз шуда буд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи марти имсол дар дидор бо рӯҳониён изҳор дошт, ки тайи се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон "дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд".

XS
SM
MD
LG