Ссылки доступа

Дар Осиёи Марказӣ нигарониҳо аз рахна шудани канали Қуштеппа меафзояд


Канал Кош-Тепа.
Канал Кош-Тепа.

Ба далели ҳолати номуайне, ки дар пайи сохтани канал дар шимоли Афғонистон сар задааст, рехтани об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарониҳоро ба бор овардааст. Дар ин бора сомонаи Eurasianet хабар медиҳад.

Ҳукумати Толибон дар Афғонистон бо суръат сохтани каналеро идома медиҳад, ки ба бовари Толибон, мушкили ғизоиро барои миллионҳо афғонистонӣ осон хоҳад кард. Аммо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Осиёи Марказӣ мегӯянд, канали Қуштеппа барои муҳити зист хатар дорад.

Сохтани канал баҳори соли 2022 шуруъ шуд. Намояндагони расмии Толибон гуфтанд, моҳи феврали соли ҷорӣ марҳилаи дувуми сохтмони канал оғоз гардидааст. Ин канал барои обёрии минтақаҳои шимоли Афғонистон аз дарёи Ому об мегирад. Кутбиддин Яъқубӣ, коршиноси афғонистонӣ гуфтааст, тарҳи мазкур "инқилоби сабз"-ро ба бор меорад ва боиси ташкили ҷойҳои кории зиёде мешавад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сифати сохтмони канал нигаронанд. Аксҳое дар интернет дар тирамоҳи соли 2023 нашр шуданд, ки эҳтимоли рахна шудани каналро нишон медиҳанд.

Маълум нест, канал дар пайи чӣ рахна шудааст.

Толибон нақша доранд, сохтмони каналро соли 2028 ба поён расонанд. Дарозии он аз 285 км, паҳноияш аз наздики 100 метр ва умқаш аз 8,5 метр иборат аст. Бино ба баҳогузории коршиносон, канали мазкур то 20 дарсади оби Омуро хоҳад гирифт. Дарёи Ому нақши марзро байни Тоҷикистон ва Узбекистон аз як сӯ ва Афғонистонро аз сӯи дигар дорад.

XS
SM
MD
LG