Ссылки доступа

Reuters: Русия аз Қазоқистон хост, омодаи ирсоли 100 ҳазор тона бензин бошад


Русия аз Қазоқистон хостааст, дар ҳаҷми 100 ҳазор тона бензин захира ва дар сурати зарурат онро ба Русия ирсол кунад. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба се манбаи худ иттилоъ додааст.

Тавре дар гузориши Reuters омадааст, яке аз манобеъ хабар додааст, ки шартномаи ирсоли сӯзишворӣ мувофиқа шудааст. Ин дар ҳолест, ки Шингис Илясов, мушовири вазири энержии Қазқоистон гуфт, аз Русия чунин дархосте дарёфт нашудааст.

Вазорати энержии Русия ба дархости Reuters дар бораи шарҳи ин хабар посух надодааст.

Ба иттилои Reuters, Белорус ҳам розӣ шудааст, ки ба Русия дар ирсоли бензин кумак расонад.

Бино ба баҳогузории хабаргузорӣ, то охири моҳи марти соли ҷорӣ ҳамлаи бесарнишинҳо наздики 14 дарсади иқтидори коркарди нафти Русияро аз кор баровардааст. Бо ин вуҷуд, мақомоти Русия мегӯянд, вазъ дар бозори дохилӣ муътадил ва захираи бензин кофист.

Шуруъ аз 1 март ҳукумати Русия содироти бензинро барои шаш моҳи оянда манъ кард. Ҳукумати он кишвар гуфт, тасмими мазкур ба хотири пешгирӣ аз камчинии ин навъи сӯзишворист.

XS
SM
MD
LG