Модари хонанда О.Т. ба ваколатдори ҳуқуқи кудак дар Узбекистон шикоят кардааст, ки омӯзгор С.М. 26 декабри соли гузашта фарзанди ӯро латтукӯб ва бо суханҳои қабеҳ таҳқир кардааст.
Вазорати маорифи Узбекистон бо дархости ваколатдор ҳодисаро таҳқиқ карда, дар натиҷа омӯзгор бо фармони мудири мактаб аз кор ронда шудааст.
Додгоҳи ноҳияи Зомин С.М.-ро дар "Таҳқир" ва "Расонидани осеби сабуки ҷисмонӣ" гунаҳкор дониста, 6,8 миллион сӯм ҷарима кардааст.