Фаъоли дигари қазоқистонӣ Марат Туримбетов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки Тлеужан дар эътироз ба низоми нигаҳдорӣ ва риоя нашудани ҳуқуқҳояш аз 10 апрел гуруснанишинӣ эълом кардааст.
Айнара Айдарханова, вакили дифои Тлеужанова хабари гуруснанишинии шахси зери ҳимояашро тасдиқ кард ва гуфт, ҷузъиётро дертар шарҳ медиҳад.
Додгоҳи Алмато тобистони соли гузашта Тлеужановаро дар доираи парвандаи "ғасби фурудгоҳи Алмато" ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022, чаҳор сол зиндонӣ кард. Тлеужан ин айбро дар додгоҳ рад карда буд.