Ному насаби Жиланбоев рӯзи 8 апрел дар ин рӯйхат пайдо шудааст.
Марат Жиланбоев моҳи январи соли ҷорӣ дар зиндон гуруснашинӣ эълом карда буд. Гуруснашинии вай 21 рӯз давом кард ва ба далели вазъи сиҳатиаш аз гуруснашинӣ даст кашид.
Роҳбари ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазоқистон!" Марат Жиланбоев бо нишони эътироз аз бетағйир боқӣ гузоштани ҳукмаш дар зиндон гуруснашинии бемуҳлат эълом карда буд.
Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 19 январ ҳукми Марат Жиланбоевро бе тағйир боқӣ гузошт.
Жиланбоев ва вакилони мудофеаш аз додгоҳ хоста буданд, ки ҳукми ӯро бозбинӣ кунад.
Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон моҳи ноябри соли 2023 Жиланбоевро 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вай борҳо талош кард, ки ҳизби "Алға, Қазоқистон!"-ро сабти ном кунад. Ӯро дар "маблағгузории фаъолияти тундгароёна" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор карданд.