Ссылки доступа

Дар Бишкек ронандагони мошинҳои боркаш корпартоӣ карданд


Ронандагон аз вазорати нақлиёти Қирғизистон хостанд, талаби вазни боркашониро дар роҳҳои он кишвар бозбинӣ кунад.

Ҳудуди 300 ронандаи мошинҳои боркаш дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон корпартоӣ кардаанд. Онҳо гуфтанд, то замони иҷро шудани талабҳояшон ба кор нахоҳанд баромад.

"Онҳое, ки вазни мошинҳоро месанҷанд, дар ҳар куҷои шаҳр ҳақ доранд, ки моро манъ кунанд ва ҷарима банданд. Ба илова, шаҳрдорӣ ба мо дастур медиҳад, ки рӯзона кор накунем", - гуфтанд ронандагон.

Шуруъ аз 5 апрели соли ҷорӣ дар Бишкек ҳаракати мошинҳои боркашро маҳдуд карданд. Бино ба тартиби нав, мошинҳои гаронтар аз 18 тона иҷоза надоранд, ки аз соати 7 субҳ то 21 шаб равуо кунанд. Ин маҳдудият то 1 октябр амал хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG