Ссылки доступа

Вазири умури дохилии Қирғизистон ҳабси 11 рӯзноманигорро шарҳ дод


Вазири умури дохилии Қирғизистон Уланбек Ниёзбеков дар суҳбат бо Хабаргузории расмии "Кабар" боздошти 11 корманди кунунӣ ва собиқи тарҳҳои Temirov Live ва "Айт, айт десе"-ро шарҳ дод.

Ниёзбеков гуфтааст, ҳабси рӯзноманигорон ангезаи сиёсӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни боздоштшудаҳо танҳо ду нафар дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил карда, боқӣ блогер ҳастанд.

"Вақте онҳо хабарҳои беасос паҳн мекунанд ва бо сиёҳкунӣ машғул мешаванд, мо наметавонем посух надиҳем. Ҳастанд нафароне, ки қонунҳои рӯзноманигорӣ ва донишҳои лозимиро намедонанд. Онҳо намедонанд ва хабарҳои дуруғро паҳн мекунанд. Набояд ҳангома бардошт, ки онҳо рӯзноманигор ҳастанд", - афзуд ӯ.

Вазири умури дохилии Қирғизистон изҳор дошта, ки рӯзноманигорон дар Иттиҳоди Аврупо ва Амрико низ барои дуруғпароканӣ муҷозот мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, дар Қирғизистон озодии баён вуҷуд дорад ва касе танқиди мақомотро манъ накардааст, вале иттилоъ бояд бо далел бошад.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 17 январ 11 рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ, аз ҷумла корманди пешини ва кунунии "Temirov LIVE"-ро ба ҳабс гирифт.

Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфта буданд, ки зидди боздоштшудаҳо бо гумони "беназмии оммавӣ" ва "даъват ба итоат накардани фаъолона ба талабҳои қонунии мақомот, даъват ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Худи гумонбарон ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG