Ссылки доступа

Хавфи “депортатсия” аз Маскав ба садҳо муҳоҷири корӣ (гулчин)


GEORGIA -- South Ossetia Tskhinvali view road
GEORGIA -- South Ossetia Tskhinvali view road

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Хавфи “депортатсия” аз Маскав ба садҳо муҳоҷири корӣ. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи амалиёту санҷиш дар сохтмону манзил ва анбору коргоҳҳои дигари муҳоҷирон дар Маскав садҳо мавриди қонуншиканиро ошкор карда, иддаеро ба ҷавобгарӣ кашиданд. Дар Красноярск ба муҳоҷирон хидмати қарордодӣ пешниҳод шудааст. Санҷиш пас аз ҳамла ба “Крокус” сахттар шуд. (видео)

- Дар суроғи ду тоҷике, ки Русия гумонбар, аммо ВКД рад кард. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба суроғи ду нафаре рафтанд, ки мақомоти Русия онҳоро ба ҳамла ба маҷмаи консертии “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав гумонбар дониста, вале Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рад кард. Онҳо аз ҷамоати Золи Зари ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ҳастанд. Тафсилот дар видео. (видео)

- Иди Рамазон дар Русия чӣ гуна гузашт? Бо вуҷуди ҳушдорҳои мақомоти Русия ба муҳоҷирон, ки рӯзи Иди Рамазон намозро дар хона гузоранд, масҷидҳои ин кишвар пур аз намозгузор буд (видео)

- Назарҳо аз Душанбе ба лағви сафари бевиза ба Туркия. Маҳрум шудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз имтиёзи сафари бевиза ба Туркия ва нигаронии коршинсон. Якбора ҷорӣ шудани раводид мавзӯи доғи расонаҳо ва фазои маҷозии Тоҷикистон дар ду рӯзи охир аст. (видео)

- Дар Балҷувон саршумори як ҷонвари зебо афзудааст. Саршумори оҳуи бухороӣ, ки онро аз дигар ҷой оварданд, то дар мамнуъгоҳи Сари Хосор дар Балҷувон аз нав парвариш ва зиёд кунанд (видео)

- “Агар тилло ёфтем, хуб, агар не аз мардум қарздор”. Бозгашти Толибон ба қудрат ва бекор мондани афроди зиёде дар Афғонистон теъдоде аз сокинони Бадахшонро ба самти кори сахте бурдааст. Ба сӯйи заршӯӣ, ки фоидаи зиёде дорад, ба шарте иқболи инсон баланди кунаду аз дили сангу кӯҳ тилло ба даст орад. (видео)

- Дарси тиҷорат ва мубориза бо фақр. Як мурғ чӣ гуна дуто шавад? Дар вилояти Хатлон, ки теъдоди мардуми фақир онҷо дар муқоиса ба дигар вилоятҳои кишвар зиёдтар аст, як барномаи наверо амалӣ мекунанд, то ин мардум даромади бештар ёбанду дигар чеҳраи шуми фақру қашшоқиро набинанд (видео)

- Саропо ишқ, ё ин бачаҳоро дар хона нигаҳ надоред. Дар Тоҷикистон садҳо кӯдак ҳар сол бо синдроми Даун ба дунё меоянд. Баъзе аз падару модарон онҳоро дар хона нигаҳ медоранд, чун фикр мекунанд, ки мардум ба онҳо механданд. Дар ин филми мустанад аҳволи кӯдакону калонсолони гирифтори синдроми Даун дар Тоҷикистонро тасвир шудааст. (видео)

- Ҷамшед баъди солҳо фироқ падарашро дар Узбекистон ёфт. Ҷамшед Деҳқонбоеви 38-сола баъд аз се даҳаи фироқ ва пас аз гузориши Радиои Озодӣ падарашро дар Узбекистон ёфт. Мегӯяд, падараш ӯро ҳангоми кӯдакӣ гузоштаву рафта буд. Модараш барвақт аз беморӣ даргузаштааст (видео)

- Модари Далерҷон Мирзоев бовар надорад, ки писараш дар ҳамла ба "Крокус сити ҳол" ширкат кардааст. (видео)

- Наздикони Фаридуни Шамсиддин боздошт нашудаанд. Баъди ҳамла дар Крокус сару садо дар бораи ихроҷи наздикони тоҷикони муттаҳам ба он нашр шуд.Ҳамчунон дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо дар бораи бозпурсиву таъқиби наздикони онҳо дар Тоҷикистон паҳн гардид. (видео)

- Сукути ҳукумат дар бораи шиканҷаи тоҷикон дар Русия нишонаи чист? Набуди баёнияи возеҳи Тоҷикистон дар бораи бераҳмии маъмурони амниятии рус бо чаҳор тоҷики муттаҳам ба терроризм сабаби танқиди ҳукумат шудааст (видео)

- Шубҳаҳо ба шарҳи расмии ҳамла ба "Крокус Сити". Коршиносон ба таҳқиқи мунсифонаи ҳамлаи "Крокус" бовар надоранд. (видео)

- Сафар ба Русия кам, вале бозгашт зиёд шудааст. Ҳамла ба толори "Крокус" ва боздошти тоҷикон бо иттиҳоми даст доштан дар он, мардуми зиёдеро дар Тоҷикистон ва муҳоҷиронро дар Русия сахт тарсондааст. Баъзе аз сафар ба Русия даст кашида, гурӯҳи дигар аз бимашон ба Тоҷикистон бармегарданд. (видео)

- Нақли ҳамсари Саидакрам, яке аз муттаҳамони ҳамла. Саидакрам Раҷабализода, яке аз муттаҳамон ба ҳамла дар Крокус кист ва кай ба Русия рафт. Радиои Озодӣ бо ҳамсари ӯ сӯҳбат кард. (видео)

- Дасти ҷосусони Русия дар Аврупо дароз шудааст? Коршиносон мегӯянд, ҷосусони рус дар кишварҳои аврупоӣ дубора фаъол шудаанд. Чанде пеш дар Испания як халабони русро куштанд, ки бо чархбол ба Украина фирор карда, таслим шуд. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ӯро ҷосусони рус аз байн бурдаанд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG