Дар ин ҷаласа ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, кишварҳои узви Шӯро - Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Уммон, Арабистони Саудӣ ширкат хоҳанд кард.
Дар ин мулоқот созишномаҳои қаблан ҳосилшуда миёни ин кишварҳо баррасӣ мешаванд. Ҳайатҳо ҳамчунин барои саммити навбатии Шӯро, ки қарор аст, соли 2025 дар шаҳри Самарқанд баргузор гардад, омодагӣ мегиранд.