Ссылки доступа

Риоя накардани талабот ҳангоми сохтмони сарбанди "Оқсой" ба 30 ҳазор сокини Алмато таҳдид мекунад

Дар сохтмони сарбанди дарёи Оқсой дар наздикии шаҳри Алматои Қазоқистон риоя нашудани талаботи сохтмонӣ ошкор шудааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон мегӯяд, ин сарбанд ба наздики 30 ҳазор сокини шаҳри Алмато метавонад, хатар эҷод кунад.

Нисбати ширкати паймонкор парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Пештар аз ин Оҷонси назорати молии Қазоқистон гуфт, дар сохтмони сарбанди мазкур бештар аз 775 млн танга ғорат шудааст.

Барои сохтмони сарбанд 22 млрд танга ҷудо шудааст.

Сарбанди мазкур барои пешгирӣ аз фаромадани селу ярч дар дарёи Оқсойи наздикии шаҳри Алмато сохта мешавад.

XS
SM
MD
LG