Ин вазорат гуфт, 12 апрел бо мушовир-консули сафорати Русия дар Қирғизистон Андрей Бурев мулоқот сурат гирифтааст. "Дар мулоқот нигаронии ҷониби Қирғизистон дар робита ба кофтукоби манзили мушовири сафорати Қирғизистон дар Русия ва помол кардани Конвенсияи Вена "Дар бораи робитаҳои дипломатӣ" расонида шуд", - омадааст дар хабари вазорати хориҷии Қирғизистон.
Ин вазорат ҳамчунин гуфтааст, ки дар робита ба ҳодиса мазкур санҷиш баргузор ва масъулон ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд.
Расонаҳо пештар хабар доданд, ки ду корманди пулиси Русия ба манзили зисти мушовири сафорати Қирғизистон Манас Жолдошбоев дар Масква ворид шуда ва кофтукоб анҷом додаанд.
Расонаҳо навиштанд, ки кормандони пулис рӯзи 8 апрел "ғайриқонунӣ вориди манзили дипломат шуда", аз дипломат ва аъзои хонаводааш талаб кардаанд, ки қайди ҷойи зисти худро нишон диҳанд.