"С.М.Ш. аз ваколатҳои хидматии худ берун баромада, дастур додааст, то барои бунёди иншооти тиҷорӣ дар маркази шаҳр замин ҷудо карда шавад. Қитъаи замини ҷудошуда дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад", - омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуотии кумита.
Ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон дар натиҷаи як санҷиш муайян кардаанд, ки иншооти тиҷорӣ ба масоҳати 300 метри мураббаъ бидуни ҳуҷҷатҳои лозимӣ бунёд карда шудааст. "Иншоот бояд тахриб мешуд, вале муовини шаҳрдори Бишкек тахриби онро бо ҳар роҳ ба таъхир андохтааст", - афзудааст манбаъ.
Дар робита ба ин ҳодиса ҳамроҳи С.М.Ш. соҳибкор Т.Б.М. ҳам дастгир шудааст.
Расонаҳои маҳаллии Қирғизистон аз муовини боздоштшудаи шаҳрдори Бишкек Максадбек Сазиқулов ном бурдаанд, ки бахши сохтмон ва нақлиётро дар пойтахти он кишвар раҳбарӣ мекард.
Максадбек Сазиқулов моҳи сентябри соли 2021 муовини шаҳрдори Бишкек таъйин шуда буд. Қаблан дар вазорати молия ва дастгоҳи президенти Қирғизистон кор кардааст.