Ба гуфтаи онҳо, қарори ҳукумати Узбекистон дар бораи маҳдуд кардани мошинҳои барқӣ ба он кишвар боиси бекор кор мондани ҳазор одам хоҳад шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев 18-уми марти имсол фармонеро ба имзо расонд, ки дар он гуфта мешавад, ширкати мошинсозии чинии “BYD” аз ҳукумати Узбекистон дархост кардааст, то воридоти мошинҳои барқии ин ширкатро ба қаламрави худ манъ кунад. Зеро гуё “навъи мошинҳои воридотӣ ба иқлим ва шароити роҳҳои он кишвар мутобиқ нестанд”.
Тибқи фармон, ниҳодҳои дахлдори Узбекистон бояд то 1-уми июли имсол пешниҳодҳои худро дар бораи танзими воридоти мошинҳои барқӣ ва ҳибридии навъи “BYD” ба ҳукумат ироа кунад.
Фаъолон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон бар ин назаранд, ки ҳадафи ҳукумат тақвияти монополияи “Узавтосаноат” дар бозори мошини ин кишвар аст.
“Узавтосаноат” ширкати ҳолдингиест, ки корхонаҳои мошинсозӣ ва истеҳсоли қисмҳои эҳтиётиро дар Узбекистон дар ихтиёр дорад.