Ба гуфтаи ӯ, тибқи қарор “Дар бораи тасдиқи ҳудуди боғи ба номи Мустафо Камол Отатурк” ҳама қарорҳои пешини шаҳрдори Бишкек, ки ба ҷудо кардани замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рабт доштанд, бекор карда шудааст.
Идораҳои дахлдори шаҳрдории Бишкек вазифадор шудаанд, ки иншооотро тахриб ва заминҳоро ба ҳудуди боғ пас гардонанд. Ҳамчунин зараре, ки дар пайи содир кардани ин қарорҳо ба боғ расидааст, аз ҳисоби дастандаркорон ҷуброн карда шавад.
Шаҳрдории Бишкек аз мақомоти қайди давлатии Қирғизистон дархост кардааст, ки ҳамаи иҷозатномаҳо барои истифодаи заминҳо дар ҳудуди боғро бекор кунад.
Ҷунушалиев дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфтааст, қарори нав дар бораи боғи "Отатурк" бо раҳбарияти Қирғизистон мувофиқа шудааст.