Ссылки доступа

Тошканд, Остона ва Бишкек ба бунёди "Қамбарота-1" омодагӣ мебинанд


Ҳукуматҳои Қирғизистон, Узбекистон ва Қазоқистон дар робита ба сохтмони неругоҳи "Қамбарота-1" дар рӯдхонаи Норин созишномаеро ба имзо мерасонанд.

Ин нукта дар лоиҳаи қарори байниҳукуматие дарҷ шуда, ки Вазорати энержии Қазоқистон барои баррасӣ пешниҳод кардааст.

Дар созишнома шартҳои ҳамкории ҷонибҳо дар доираи лоиҳаи бунёди неругоҳ ва ба истифода додани он гуфта мешавад.

Тибқи қарор, “принсипи асосии ҳамкории ҷонибҳо дар чаҳорчӯби лоиҳа ин аст, ки харидории пурраи барқи истеҳсол кардаи нерӯгоҳи Қамбарота-1 аз сӯи ҷонибҳо бояд кафолат дода шавад".

Вазирони энержии Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон моҳи январи соли гузашта харитаи роҳи амалисозии тарҳи сохтмони неругоҳи Қамбарота-1-ро имзо карда буданд.

Вазири энержии Қирғизистон Таалайбек Иброев он замон гуфта буд, ки Қамбарота-1 барои ҳамаи кишварҳо фоидаовар хоҳад буд ва камбуди неруи барқро дар Қирғизистон аз байн хоҳад бурд.

Моҳи июни соли 2022 президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов сохтмони неругоҳи Қамбарота-1-ро дар вилояти Ҷалолободи он кишвар оғоз бахшида буд. Сарбанди ин неругоҳ 256 метр ва обанбори он барои 5,4 млрд метри мукааб об пешбинӣ шудааст. Қамбарота-1 бо иқтидори 1860 мегаватт ва истеҳсоли 5,6 млрд киловатт/соат барқ сохта мешавад.

Соли 2012 ҳукумати Қирғизистон бо ҳукумати Русия созишномаи сохтмони неругоҳи Қамбарота-1-ро баста буданд. Аммо ба далели таъхир дар корҳои сохтмонӣ Қирғизистон соли 2016 шартномаро якҷониба қатъ кард. Русия аз Қирғизистон маблағҳоеро талаб кард, ки дар сохтмони неругоҳ сарф карда буд.

XS
SM
MD
LG