Ссылки доступа

Дар Туркия як узбекистонӣ узбекистонии дигарро ҳангоми талоши наворбардорӣ парронд


Консулгарии Узбекистон дар шаҳри Истамбули Туркия хабар дод, ки ҷавони узбекистоние ҳангоми талоши наворгирӣ барои шабакаҳои иҷтимоӣ як ҳамватанашро паррондааст.

Ба иттилои консулгарӣ, ду шаҳрванди Узбекистон барои кор ба шаҳри Истамбул рафтаанд. Рӯзи 9 апрел яке аз онҳо хостааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навореро нашр кунад, ки дар даст таппонча дорад.

Ҳамутоқ ва дӯсти вай аз ин таппонча ба сараш тир холӣ кардааст. Ҷавон дар ҷои ҳодиса фавтидааст.

Шаҳрванди дувуми Узбекистонро, ки боиси ин марг шуд, пулис боздошт кардааст. Вай гуфтааст, нохудогоҳ дӯсташро паррондааст ва намедонист, ки таппонча тир дорад.

XS
SM
MD
LG