Ссылки доступа

"Аломати марги маҷбурӣ ҳаст." Куштори зану шавҳар дар Конибодом


Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ҷасади як зану шавҳарро дар хонаашон пайдо кардаанд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо шаби 16 ба 17-уми апрел дар ҷамоати Ғафурҷон Ортиқов кушта шуданд.

Мақомоти корҳои дохилӣ гуфтанд, дар ҷасади зану шавҳар “нишонаи марги маҷбурӣ дида мешавад.”

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати шаҳри Конибодом рӯзи 17-уми апрел ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, мақомоти корҳои дохилӣ ва додситонӣ онро таҳқиқ доранд. "Ин зану шавҳар дар маҳаллаи "Вокзал"-и ҷамоати Ғафурҷон Ортиқов зиндагӣ мекарданд. Сабаби куштор маълум нест," -- афзуд манбаъ.

Раиси ҷамоати Ғафурҷон Ортиқов пас аз шунидани суоли мо гӯширо гузошт ва ба тамосҳои мо дигар посух надод.

Дар дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтанд, таҳқиқ идома дорад.

“Тасдиқ мекунем, ки ҳамин хел ҳодиса рух додааст. Аломати марги маҷбурӣ ҳаст. Ҳодисаро додситонӣ таҳқиқ дорад. Барои халал нарасондан ба рафти тафтишот феълан аз пешниҳоди маълумоти бештар худдорӣ мекунем,” -- гуфтанд дар РКД-и Суғд.

Ному насаби зану шавҳари фавтида феълан маълум нест.

Дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки аъзои як хонавода дар шароити мармуз мефавтанд. Пеш аз ин моҳи июни соли 2021 ҷасади Аҳлиддин Маҳмадов, сокини ноҳияи Ҷайҳунро бо се фарзандаш, бо нишонаҳои зоҳиран зарбаи корду дос дар манзили зисташ пайдо карданд.

Додгоҳ се сокини Ҷайҳунро дар ин ҳодиса гунаҳкор дониста, ду нафари онҳоро ба ҳабси абад ва як нафарро ба 28 сол зиндон маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG