Раёсати умури дохилии шаҳри Ӯши Қирғизистон гуфтааст, тавассути ин нақб, ки дар ҳуҳуди вилояти Ҷалолободи ин кишвар ошкор шуд, ба ҳудуди Узбекистон молу маҳсулотро ғайриқонунӣ интиқол медодаанд. Ҳамчунин барои убури одамон ба ду тарафи марз истифода мешудааст.
Маъмурони пулиси Ӯш 5 апрел шаҳрванди Узбекистонро дастгир кардаанд, ки ғайриқонунӣ ба Қирғизистон ворид шудааст. Дар натиҷаи санҷиш маълум шуда, ки ӯ тавассути ҳамин нақб ба Қирғизистон ворид гаштааст.
Хадамоти махсуси Узбекистон моҳи июни соли 2022 хабар дода буд, ки дар ноҳияи Риштон нақби пинҳониеро пайдо кардааст, ки ин кишварро бо Қирғизистон мепайвандад. Он замон гуфта мешуд, ки нақб дорои лифт, неруи барқ ва дурбинҳои назоратӣ будааст.
Додгоҳи Узбекистон се касро барои кандани нақби мазкур аз 6 то 7 сол зиндонӣ кард.