Ссылки доступа

"Bloomberg": Қазоқистон аз истихроҷкунандаҳои "Кашаган" $150 млрд талаб дорад


Ҳукумати Қазоқистон ҳаҷми пулеро, ки аз ширкатҳои истихроҷкунандаи кони нафти "Кашаган"-и ин кишвар талаб дорад, то ба ҳудуди 150 миллиард доллар афзоиш додааст.

Дар ин бора Хабаргузории "Bloomberg" рӯзи чоршанбе бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ додааст.

Ба иттилои хабаргузорӣ, ҳукумати Қазоқистон ба даъвои худ 138 миллиард долари дигарро, ки ширкатҳои истихроҷкунандаи нафт қаблан ваъда дода буданд ва напардохтаанд, илова кардааст.

Дар Вазорати энержии Қазоқистон аз ифшои ҷузъиёти баҳси додгоҳӣ бо ширкатҳои хориҷӣ худдорӣ карданд. "Ин комилан як баҳси тиҷорӣ аст. Тибқи шартҳои созишнома, ҷузъиёти баҳси додгоҳӣ ошкор карда нахоҳад шуд", - изҳор доштанд масъулони вазорат.

Қазоқистон моҳи марти соли гузашта зидди ширкатҳои мазкур барои ифлос кардани муҳити зист шикоят карда, ҳудуди 2,3 триллион танга (5,1 миллиард доллар) ҷуброн талаб кард.

Дар Вазорати экология ва геологияи Қазоқистон он замон гуфтанд, ки ширкатҳо ҳақ доштанд, ки 700 ҳазор тонна сулфур захира кунад, вале ҳудуди 1,7 миллион тонна захира кардаанд.

Ахиран манбаъҳои огаҳ аз қазия ба шарти ифшо нашудани номашон ба хабаргузории "Bloomberg" гуфта буданд, ки шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла "Eni SpA", "Shell Plc", "Exxon Mobil Corp." ва "TotalEnergies SE" лоиҳаи созишномаеро бо ҳукумат омода кардаанд, ки ба ҷои пардохти ҷаримаи экологӣ ширкатҳоро вазифадор мекунад, то дар тарҳҳои иҷтимоӣ сармоягузории иловагӣ намоянд.

XS
SM
MD
LG