Ин қонун ҷудо кардани беш аз 60 миллиард доллар, мушакҳои дурапрвози "ATACMS"-ро барои Киев пешбинӣ мекунад.
Раъйгирии Маҷлиси намояндагни ИМА барои қабули лоиҳаи қонун 20 апрел баргузор мешавад. Бастаи кумакҳо аз се қисм, дастгирии Украина, Исроил ва Тайван иборат хоҳад буд.
Президенти ИМА Ҷо Байден қаблан аз лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ ва аз конгресс даъват карда буд, ки онро ҳарчи зудтар қабул кунад.
Дар иттилоияи Кохи Сафед омада буд, ки "президент гуфт, Маҷлиси намояндагони Амрико лоиҳаи қонунро дар бораи ҷудо кардани кумаки низомӣ ба Украина, Исроил ва Тайланд, ки қаблан аз сӯи Сенат ҷонибдорӣ ёфта буд, бояд фавран қабул кунад".
Парвози мушакҳои "ATACMS" наздики 300 км-ро ташкил медиҳад. Украина мегӯяд, мушакҳои ATACMS ба артиши ин кишвар имкон медиҳанд, ки ба ақибгоҳи неруҳои Русия зарба зада шавад. Аз ҷумла ба Қрими ғасбшуда, ки Русия аз он ҳамчун пойгоҳи партоби бесарнишинҳо истифода мебарад.