Ссылки доступа

Дар натиҷаи кандани ресмони "Чархи фалак" дар Узбекистон 4 кас осеб дидааст


Дар натиҷаи канда шудани ресмони дастгоҳи вақтхушии "Чархи фалак" дар вилояти Сурхандарёи Узбекистон чаҳор кас, аз ҷумла ду кудак осеб дидааст.

Кумитаи давлатии амнияти саноатии Узбекистон иттилоъ дода, ки ҳодиса 16 апрел дар боғи марказии шаҳри Тирмизи Сурхандарё рух додааст.

"Дастгоҳ пеш аз оғози мавсим аз санҷиш гузаронида нашудааст. Шахсони масъул барои омода кардан ва ба назорати техникӣ супоридани дастгоҳ ҳам таъйин нагаштаанд. Дастгоҳи тафреҳӣ то оғозхи мавсим бе иҷозатнома истифода шудааст", - афзудааст манбаъ.

Дар натиҷаи канда шудани ресмони дастгоҳ ду духтари 14-15-сола ва ду зани 27-29-сола осеб дида, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG