Ссылки доступа

Дар рӯйхати "зиндониёни сиёсӣ"-и Қазоқистон се каси дигарро шомил карданд


Гуруҳи ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ рӯзи 17 апрел се фаъоли дигари зиндониро ба рӯйхати зиндониёни сиёсии ин кишвар шомил карданд.

Ба ин тартиб фаъоли шаҳрвандӣ аз Чимкент Калим Ҷабборов, фаъоли иҷтимоӣ аз Кокшетау Малик Ахметкалиев ва соҳибкору фаъоли алматоӣ Асилбек Жамуродов ба ин рӯйхат шомил шудаанд.

Калим Ҷабборов дар робита ба ҷанги Русия дар Украина изҳори назар карда, ғасбкориҳои Русия ва ҳамла зидди аҳолии осоиштаро маҳкум кардааст. Ӯро барои ҳарфҳояш, ки гуфта буд "марг ба русҳои миллатгаро дар Украина ва Қрим" зиндонӣ кардаанд.

Малик Ахметкалиевро дар шаҳри Кокшетау соли 2023 барои баррасӣ кардани масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла торикии кӯчаҳо, танқиди фаъолияти мансабдорон боздошту зиндонӣ карданд. Ӯро расман дар "нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир" айбдор мекунанд.

Соҳибкор аз Алмато Асилбек Жамуродов барои сабти номи ҳизби "Алға, Қазоқистон!" дархост дода буд. Вай шуруъ аз соли 2022 ба фаъолон дар чанде аз минтақаҳои Қазоқистон кумаки молӣ мерасонд.

Ӯро 30 ноябри соли 2023 бо айби "Сармоягузории фаъолияти террористӣ ва ё экстремистӣ" боздошт карданд.

Дар Қазоқистон рӯйхати маҳбусони сиёсиро ҳанӯз соли 2013 тартиб дода буданд. Аз он замон то кунун ин рӯйхат борҳо такмил шудааст.

XS
SM
MD
LG