Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як зан ба куштори шавҳараш муттаҳам мешавад


Додгоҳи ноҳияи Сайрами Қазоқистон сокини 49-солаи деҳаи Карамуртро, ки дар куштори шавҳараш муттаҳам мешавад, ба ҳабс гирифт.

"Падарам машрубот менӯшид ва модарамро латтукӯб мекард. Мо борҳо аз хона гурехта, шабро дар кӯча рӯз кардаем. Модари мо гунаҳкор нест", - изҳор доштааст писари калонии зан дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Нозири минтақавии Карамурт ҳам гуфтааст, ки марди кушташуда машруботи зиёд менӯшид ва дар хонаводаи ӯ ҳамеша ҷанҷол буд. Ба гуфтаи нозир, зан аз соли 2019 "таҳти ҳимояти пулис" буд ва аз соли 2023 шикояте надошт.

Ин ҷуфт 30 сол бо ҳам зиндагӣ кардаанд ва чаҳор фарзанд доранд.

Зидди зан бо гумони "Куштор" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG