Ссылки доступа

Дар Самарқанд ҷасади як зану ду кудакро аз рӯдхона пайдо карданд


Ҷасади як зан ва ду кудаки ноболиғро аз рӯдхонае дар вилояти Самарқанди Узбекистон пайдо кардаанд.

Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, рӯзи 15 апрел як сокини Самарқанд ба Раёсати корҳои дохилии вилоят шикоят карда, гуфтааст, ки келини 24-солаи ӯ ҳамроҳи духтари 4-сола ва писари 1-солааш аз хона баромада, ба самти номаълум рафтааст.

Субҳи 16 апрел аз рӯдхонаи "Дарғом", ки аз ҳудуди ноҳияи Тайлоқи вилоят мегузарад, нахуст ҷасади ду кудак ва дертар ҷасади зан пайдо шудааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, зан ҳамроҳи ду кудакаш дар рӯдхона ғарқ шудааст. Дар бораи сабабҳои худкушии зан чизе гуфта намешавад.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Куштори барқасдона" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG