Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки дар Туркманистон назорати диндоронро дубора сахттар карданд. Кормандони муассисаҳои "буҷавӣ"-ро ҳушдор медиҳанд, ки иҷрои фаризаҳои динӣ дар маҳалли кор манъ аст.
"Маъмурони Вазорати амнияти миллии Туркманистон кормандони муассисаҳои "буҷавӣ", аз ҷумла омӯзгорони мактабҳои миёнаро, ки Хонаи Худоро зиёрат кардаанд, муайян карда, ҳушдор медиҳанд", - иттилоъ дод хабарнигори радио 18 апрел.
Риш мондан барои мардоне, ки дар корхонаҳои "буҷавӣ" кор мекунанд, манъ аст. Ҳамчунин занони коргари ин корхонаҳо ҳақ надоранд, ки рӯймоли сафед банданд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони хабарнигор, ҳар корманде, ки ин талабҳоро иҷро намекунад, аризаи аз кор рафтанашро "бо хоҳиши худ" хоҳад навишт.
Мақомоти Туркманистон ин иқдоми худро шарҳ намедиҳанд.