Ссылки доступа

Дар Қазоқистон механизми барқарорсозии хонаҳои зери об монда таҳия мешавад


Ҳукумати Қазоқистон гуфт, механизмҳои барқарорсозии хонаҳоеро, ки дар натиҷаи обхезӣ дар минтақаҳои шимолӣ ва ғарбии ин кишвар осеб дидаанд, таҳия мекунад.

Намояндаи Вазорати саноат ва сохтмони Қазоқистон Меруерт Ибраева 20 апрел дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Остона ин механизмҳоро шарҳ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукуматҳои маҳаллӣ барои барқарорсозии хонаҳои осебдида паймонкорҳоро ҷалб хоҳанд кард. Ҳамчунин соҳибхонаҳо метавонанд аз ҳисоби пули ҷуброншуда хонаҳои худро таъмир кунанд.

Дар сурати имконпазир набудани барқарорсозии хонаҳо давлат барои соҳибони онҳо ё хона месозад ва ё хонаи нав хоҳад дод. Дар вазорат гуфтанд, хонаҳои навро сокинон худ интихоб мекунанд, вале арзиши онҳо набояд аз хонаҳои тахрибшуда бештар бошад.

Дар натиҷаи обхезиҳо дар шимолу ғарби Қазоқистон беш аз 118 ҳазор нафарро ба ҷойҳои бехавф кӯчонидаанд ва ҳазорҳо хона зери об мондааст.

XS
SM
MD
LG