Ссылки доступа

Боздошти як ронанда барои муносибати дағалона бо сокинон


Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфт, як ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва пулчинаки онро барои муносибати дағалона бо сокинон дастгир кардаанд.

Мақомот дар баёнияи расмӣ гуфтанд, Давлатмирзо Саидов, ронандаи нақлиёти “Спринтер” ва пулчинаки ӯ ноболиғ Исмоновро 21-уми апрел боздошт карданд.

Ба гуфтаи мақомот, ронанда ва пулчинак дар хиёбони Бобоҷон Ғафурови Душанбе ба пиёдагардон роҳ надода, ҷавонзанеро, ки ба рафтори онҳо эътироз кард, дашному ҳақорат кардаанд.

Назари ронанда ва пулчинак маълум нест.

Дар як ҳафтаи ахир ин дуюмин ҳодисаи баҳсу даъво дар нақлиётҳои ҷамъиятии Душанбе аст. Пеш аз ин шоми 17-уми апрел навори баҳси як зани ронандаи троллейбус бо ронандаи нақлиёти “Спринтер” дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд. Дар навор дида мешавад, ки ронандаи “Спринтер” ронандаи троллейбусро дашном медиҳад.

Мақомот гуфтанд, ронандаи нақлиёти “Спринтер” даҳ рӯз ҳабс ва аз кор ронда шудааст.

Шикоятҳо аз рафтори нохуби ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт тақрибан ҳар ҳафта садо медиҳад. Мақомот ба ин шикоятҳо фаврӣ вокуниш мекунанд, аммо чунин ҳолатҳо боз ҳам такрор мешаванд.

XS
SM
MD
LG