Консулгарӣ хабар медиҳад, ки яке аз қаллобиҳои паҳнгашта дар Туркия аз ин иборат аст:
- баъди бекор кардани фармоиши интернетӣ худро
ҳуқуқшинос муаррифӣ ва ваъдаи рӯёндани ҷубронро мекунанд; - тавассути телефон худро корманди пулис ё мақомоти махсус муаррифӣ мекунанд ва ҳушдор медиҳанд, ки аз суратҳисоби шумо ба ҷинояткори хориҷӣ ва ё гуруҳи террористӣ маблағ ирсол шудааст ва ба ин тартиб талаб мекунанд, ки барои пайдо кардани ҷинояткор дубора ба суратҳисоби нав маблағ гузаронида шавад.
Қаллобон ба маълумоти шахсии корбарон дастрасӣ пайдо мекунанд ва ин маълумотро зидди онҳо истифода мекунанд.
Консулгарӣ аз узбекистониҳои муқими Туркия даъват кардааст, ки ба доми қаллобон гирифтор нашаванд ва маълумоти шахсии худро ба касе надиҳанд.