"Ноиб-сарвазир Канат Бозумбоев дастур дод, ки 500 низомӣ ва наҷотдиҳандаи иловагӣ барои мубориза бо обхезӣ ба вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ирсол шаванд. Аз ҳисоби вазорати ҳолатҳои фавқулода ва вазорати мудофиа 200 кас ба ин вилоят фиристода шудааст ва ба кор шуруъ кардаанд", - омадааст дар хабари маркази матбуотии ҳукумати Қазоқистон.
Дар маҷмуъ барои мубориза бо обхезӣ қариб 17 ҳазор кас дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ҷалб шудааст.
"Пешбиниҳо нишон доданд, ки авҷи обхезӣ идома мекунад ва ба ҳамин хотир ноиб-сарвазир дастури ирсоли неруи иловагиро дод", - омадааст дар хабар.
Субҳи рӯзи якшанбе оби дарёи Урал дар наздикии шаҳри Урали Қазоқистони Ғарбӣ аз сатҳи хатарнок болотар шудааст. Дар натиҷа хонаҳои канори дарё зери об мондаанд. Об ҳамчунин ба минтақаҳои аҳолинишин наздики шаҳри Урал наздик омадааст.