Ссылки доступа

Силоҳҳои ИМА, аз ҷумла ATACMS, мумкин аст, то охири Апрел ба Киев расанд


Украина мумкин аст, як ҳафта баъд аз анҷоми раванди тасдиқи тарҳи қонун дар бораи кумаки низомӣ ба Киев ва имзои он аз сӯи президент Ҷо Байден ба бастаи нави силоҳҳои ИМА даст ёбад.

Дар ин бора нашрияи The Washington Post хабар медиҳад.

Дар мақолаи нашрия омадааст, баъди тасдиқи тарҳи қонун дар ИМА, ба Пентагон ҳамагӣ як ҳафта зарур мешавад, ки бастаи нави кумаки низомиро ба Украина ирсол кунад. Марк Уорнер, раиси кумитаи иктишофии сенати ИМА низ ҳамин муҳлатро эълом кард.

Рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо телевизиони CBS вай гуфт, мушакҳои дурпарвози навъи ATACMS, ки қодиранд, то 300 км парвоз кунанд, баъди як ҳафтаи имзои тарҳи қонун аз сӯи президенти ИМА, ба Украина ирсол хоҳанд шуд.

Ба навиштаи расонаҳои ИМА, Пентагон аз пеш бастаи кумаки низомиро барои Украина омода кардааст ва аз ин рӯ баъди имзо шудани қонун, ирсоли аслиҳа ва муҳимоти дигари ҷангӣ камтар аз як ҳафта вақт хоҳад гирифт.

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Амрико баъд аз чанд моҳи баррасӣ тарҳи қарор дар бораи кӯмак ба Украинаро қабул кард.

Дар ин санади 95 миллиард долларӣ ҳамчунин кӯмакҳои моливу низомӣ ба ҳампаймонҳои Амрико, ба мисли Исроил ва Тайван шомил мешавад. Аз ин ҳисоб 61 миллиардро барои Украина ҷудо мекунанд. Ба тарафдории қабули қарор 311 нафар ва мухолифи он 112 вакил раъй доданд. Бар асоси санад, ба Украина аслиҳаву муҳимоти зарурӣ медиҳанд, то ба неруҳои Русия муқовимат кунад, ки ду сол пеш ба Украина ҳамла карданд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз қабули қарор дар Вашингтон изҳори хушнудӣ кард ва гуфт, ки ин санад “ҷони ҳазорону ҳазорон нафарро аз марг наҷот медиҳад”. Ӯ рӯзи 21-уми апрел дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, “Мо умедворем, тарҳи қонунҳо дар Сенат дастгирӣ меёбанд ва барои имзо рӯи мизи раиси ҷумҳур Байден гузошта мешаванд. Ташаккур, Амрико”.

Ҳукумати Русия дар вокуниш гуфт, ин қарори Амрико “ба хотири режими Украина” сабаби марги украиниҳои бештар мешавад. Дар баёнияи Русия омадааст, ҳадаф аз кӯмак, “сарватманд” кардани Иёлоти Муттаҳида ва “вайронтар” кардани Украина аст. Киев, ки аз соли 2014 бо ҷудоиталабони тарафдори Русия меҷангад, аз моҳи феврали соли 2022 ба ҷанги васеъмиқёси бедалели Русия дучор шуд.

Ба бастаи санадҳо, ки вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи шанбе барои онҳо раъй доданд, тарҳи чаҳор қонун шомил мешуд ва ҳамаи онҳо аз тарафи вакилони ҳарду ҳизб дастгирии васеъ ёфтанд. Ҳарчанд теъдоде аз вакилони муҳофизакори сарсахт аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ мухолифи қабули тарҳ буданд. Акнун бастаи санадҳоро барои раъйгирӣ ба Сенат, палатаи болоии Конгресс ва ё порлумони Амрико мефиристанд, ки аксарияти аъзои онро вакилони демократ ташкил медиҳанд. Интизор меравад, ки Сенат тарҳҳоро тасвиб карда ва барои имзо ба раиси ҷумҳури Амрико мефиристад. Ҷо Байден аз ҳоло аз вакилони Сенат хостааст, ки санадҳоро ҳарчӣ зудтар барои имзо ба ӯ бифристанд.

Конгресси Амрико аз тирамоҳи соли гузашта сари кӯмаки низомӣ ба Украина ихтилофи назар дошт, чун вакилони Ҳизби демократ ва ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар бораи он назарҳои гуногун доштанд. Вакилони ҷумҳурихоҳ мегуфтанд, ки ҳукумат ба ҷойи кӯмак ба Украина бояд сари масоили дохилӣ аз ҷумла, ҳимояти марзҳои Амрико ва пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунии зиёд ба кишвар пул харҷ кунад.

XS
SM
MD
LG