Ссылки доступа

Чаҳор маъмури амнияти Қазоқистон барои шиканҷа зиндонӣ шуданд


Додгоҳи низомии шаҳри Остона ҳукми чаҳор маъмури пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро, ки дар шиканҷаи 13 боздоштшуда гумонбар буданд, содир кард.

Тибқи қарори додгоҳ, подполковник Еркин Аманов 6,5 сол зиндонӣ шудааст. Майор Ҳомид Абдуғаниву капитан Кайрат Сартаев 5-солӣ ва мутахассиси идораи назорати марзии "Остона" Куандик Мухтархонов 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Додгоҳ ҳамчунин маҳкумшудаҳоро вазифадор кардааст, ки ба Бунёди ҷуброни ҷабрдидаҳо 20 ҳазор нишондиҳанда (як нишондиҳанда - 3692 танга) пардозанд. Маъмурони пешин аз ҳаққи кор дар идораҳои давлатӣ ҳам ба муҳлати се сол маҳрум гаштаанд.

Баррасии парвандаи шиканҷаи боздоштшудаҳо дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон моҳи октябри соли 2023 оғоз шуда буд.

Дар аввал 28 кас шикоят карда буданд, ки дар натиҷаи "амалиёти махсуси амниятиҳо" шиканҷа шудаанд, вале тафтишот дар ниҳоят 13 касро ҷабрдида эълом кард.

XS
SM
MD
LG